Бахшида ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар Душанбе ҳамоиш доир шуд

Июнь 13, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба мероси ниёгон ва шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик арҷ гузошта, барои муаррифии тамаддуни безавол ва чеҳраҳои мондагор корҳои шоиста анҷом медиҳанд.

«Дар идомаи чунин иқдомҳои миллатмеҳварӣ, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ниҳодҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода намуда, ба ЮНЕСКО пешниҳод созанд», — тазаккур дод муовини якуми директори Агентӣ.

Баён гардид, ки ин ташаббус боз як марҳалаи наве дар шинохти бештари Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои таърихи бой ва фарҳанги қадима дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Дастгирии мероси таърихии шахсиятҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла Куруши Кабир, на танҳо як амали рамзӣ, балки далели рӯшан аз арҷгузории роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик ва саҳми он дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад

Иттилоъ дода шуд, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз аввалин ва таъсирбахштарин санадҳои ҳуқуқии таърих аст, ки барои шиносоии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии шаҳрвандон, аз ҷумла озодии виҷдон, ҳуқуқи баробарии миллӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсон кумак намуд. Ин Эъломия асосҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро дар рӯйи замин ба вуҷуд овард ва барои рушди кишварҳои гуногун, аз ҷумла сохтори ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, аҳамияти махсус дошт.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад