Байни «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Июнь 25, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди футбол дар мамлакат байни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».

Шартномаи ҳамкорӣ дар Душанбе бо иштироки муовини раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода ва ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ба имзо расид.

Иброз гардид, ки футбол дар Тоҷикистон, яке аз намудҳои варзиши дар ҳоли рушд маҳсуб ёфта, дар байни аҳолии мамлакат маҳбубияти хосса касб намуда, ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани он барномаи давлатӣ қабул гардидааст.

Тазаккур дода шуд, ки «Амонатбонк» ҳамчун бонки давлатӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ ба соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов иброз намуд, ки дастаи футболбозони «Амонатбонк» дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал яке аз дастаҳои пурқувват ва фаъол ба ҳисоб рафта, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва ба ин васила саҳми бевоситаи худро дар рушди футболи мамлакат мегузоранд.

Баимзорасонидани шартномаи ҳамкорӣ байни «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон қадами устувор дар ҷодаи саҳмгузорӣ ҷиҳати рушду пешрафти футболи мамлакат арзёбӣ гардид.

АКС: «Амонатбонк»

Июнь 25, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст