Байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин Паймони ҳамсоягии абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид

Июнь 18, 2025 09:32

ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи натиҷаи кори Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Чин», ки 17 июн дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, як зумра санадҳои муҳим, аз ҷумла Паймони ҳамсоягии абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ ва Эъломияи Остона ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки дар ҳамоиш бахшҳои энергетика, аз ҷумла рушди энергетикаи «сабз», саноат, коркарди минералҳои муҳим, нақлиёт, васеъ кардани долонҳои транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли бор ҳамчунин, рушди кишоварзӣ, аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин  номида шуд.

Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаи рушди пайвасти рақамикунонӣ, аз қабили ҷорӣ намудани моделҳои инноватсионии тиҷорат, аз ҷумла тиҷорати электронӣ ҳамчун омили таконбахши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои чорабинии имрӯза бомуваффақият ва пурсамар хоҳад буд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва алоқамандии кишварашро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки «Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалияти волои сиёсати хориҷии Чин мебошад. Чин омода аст таҷриба ва технологияҳои худро барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ дастрас намояд».

АКС: Хадамоти матбуоти  Президенти Ҷумҳурии Точикистон

Июнь 18, 2025 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд