Байни минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд»-и Тоҷикистон ва «Воронеж»-и Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-и Тоҷикистон ва Минтақаи озоди иқтисодии «Воронеж»-и Русия, инчунин Палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғд ва Воронеж созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Созишномаҳои мазкур 30 май зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори Воронеж Александр Гусев, ки дар Русия баргузор гардид, ба имзо расонида шуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ дар самтҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Иброз гардид, ки соҳибкорону намояндагони вилояти Суғд бо мақсади табодули таҷриба ва густариши ҳамкорӣ дар Федератсияи Русия қарор дорад. Ҳайати расмии вилояти Суғд дар идомаи сафар бо корхонаҳои бузурги саноативу логистикии Воронеж, аз ҷумла шабакаи анборҳои «Пятёрочка», корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои «Global Drinks», корхонаи «Кобил-Груп» ва ширкати «Масленица» шинос гардид.
Ҳамчунин ҳайати вилояти Суғд бо Губернатори вилояти Тюмен Александр Моор вохӯрӣ намуд. Дар ин мулоқот ҷонибҳо доир ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тандурустӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин дар вохӯрӣ барои рушди ҳамкорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳайати вилояти Суғд бо маркази тиббии Тюмен, технопарк, Донишгоҳи давлатии Тюмен, корхонаҳои саноатӣ ва объектҳои инфрасохтори сайёҳӣ низ шинос мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд






