Байни нашрияи «Народная газета» ва Медиакорпоратсияи Чин Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни нашрияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» ва Медиакорпоратсияи Чин Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре аз нашрияи «Народная газета» хабар доданд, ин санад ба густариши табодули иттилооти дуҷониба, татбиқи медиалоиҳаҳои муштарак, инчунин мусоидат ба инъикоси воқеъбинонаи рӯйдодҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин равона шудааст.
Имзои Ёддошти ҳамкорӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими робитаҳои башардӯстона ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи воситаҳои ахбори омма байни ду давлати дӯст мебошад.
Ёдовар мешавем, ки санади мазкур аз рӯйи натиҷаҳои музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки 17 июн дар Остона дар чаҳорчӯби Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор шуд, ба имзо расид.
АКС: Нашрияи «Народная газета»








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






