Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дар истифодаи устувори захираҳои об тақвият меёбад

Июнь 2, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи захираҳои об байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳруии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Кумитаи оби Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибн Иброҳим ал-Абдулкарим дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусоҳибон густариши робитаҳо дар самти истифодаи устувори захираҳои обро матраҳ намуда, оид ба имконоти мавҷудаи ҳамкорӣ дар ин самт ибрози андеша намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба дар заминаи ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим барои таъмини амнияти об ва энергетикаи минтақа махсусан таъкид гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 2, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд