Байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Созишномаи грантӣ ба имзо расид

Июнь 24, 2025 09:18

ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Созишномаи грантӣ ба маблағи 2,04 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Созишномаи грантӣ 23 июн дар қароргоҳи марказии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ  дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Константин Лимитовский ба имзо расонида шуд.

Созишномаи грантӣ дар доираи механизми Project-Specific Window (PSW) ва бо маблағгузории Агентии ҳамкории байналмилалии рушди Чин (CIDCA) ҷудо гардидааст. Он барои дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм–Нуробод равона шудааст. Инчунин фаъолиятҳои иҷтимоӣ,  аз ҷумла омӯзиши мутахассисон, таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои занон ва барномаҳои соҳибкории ҷавонон дар минтақаҳои лоиҳа фаро гирифта мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин нахустин гранти расмии доираи механизми Project-Specific Window барои Тоҷикистон мебошад.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2025 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд