Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукӣ дар бораи интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштироки ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 80-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Исиқкӯл – Қирғизистон мулоқоти дуҷонибаи сатҳи баланд байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, музокирот таҳти раёсати Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Раиси Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон Алмаз Салиев баргузор гардид. Аз натиҷаи он санади ҳамкорӣ — Шартҳои техникии Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакӣ дар бораи интиқоли молу воситаҳои нақлиёт байни ду кишвар ба имзо расонида шуд.
Санади мазкур заминаи ҳуқуқӣ ва амалии мубодилаи саривақтии маълумоти гумрукиро муҳайё сохта, ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти идоракунии таваккал, афзоиши иқтидори транзитӣ, соддагардонии расмиёти гумрукӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва мутобиқсозии механизмҳои ҳамкорӣ бо стандартҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки татбиқи самараноки тавофуқоти ба дастомада ба таҳкими эътимоди мутақобила, густариши ҳамкории иқтисодии судманд ва рушди ҳамгироии минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






