Байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 28.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ленингради Федератсияи Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Созишномаи мазкур бо мақсади ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ зимни сафари ҳайтаи вилояти Хатлон ба шаҳри Санкт-Петербурги вилояти Ленингради Федератсияи Русия, ки аз 21 то 24 июн идома ёфт, ба имзо расонида шуд.
Ин санад ба вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки ҳамкориро бо вилояти Ленинград дар соҳаҳои саноат, савдо, сармоягузорӣ, энергетика, самаранокӣ ва сарфаи нерӯи барқ, сохтмон, рақамикунонии иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо ба роҳ монад.
Намояндагони вилояти Хатлон дар ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинград бо фаъолияти корхонаи «Артекс» ошноӣ пайдо намуданд. Ин корхона яке аз истеҳсолкунандагони маъруфи Русия буда, зардевориҳо бо акс, мусаввараҳои ороишӣ истеҳсол намуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.
Зимни вохӯрӣ бо масъулини ин корхона масъалаи ҳамкорӣ, табодули таҷриба, технологияи коркард ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






