«Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илм ҷаласа доир шуд, ки дар он лоиҳаи нави «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» муҳокима гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки таҳсилоти томактабӣ ҳамчун зинаи муҳимми таҳсилот ва заминаи ташаккули шахсияти кӯдак мақоми шоиста дошта, бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз афзалиятҳои рушди иҷтимоӣ дар ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, “Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030” мавқеи калидӣ дорад.
Натиҷаҳои татбиқи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2025” мусбат арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки дар ин давра сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ афзоиш ёфта, шумораи муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, шаклҳои хусусиву алтернативӣ зиёд гардиданд.
Лоиҳаи нави “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2026–2030” бо назардошти таҷрибаи амалии солҳои қаблӣ ва зарурати иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маориф таҳия гардида, дар он тадбирҳои марбут ба густариши фарогирии кӯдакон, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва байн табақаҳои ниёзманд, таҳкими ҳамкории бахши давлатӣ бо бахши хусусӣ, рушди инфрасохтор ва таъсиси шаклҳои гуногунсохтори муассисаҳои томактабӣ, татбиқи низоми миллӣ ва муассири баҳодиҳии сифати таҳсилоти томактабӣ, густариши барномаҳои кӯтоҳмуддати омодагӣ ба мактаб барои кӯдакони синни 5–6-сола, баланд бардоштани сатҳу сифати тайёрии кадрҳои соҳавӣ ва фароҳамсозии шароити баробар барои таҳсилоти кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус пешбинӣ шудааст.
Татбиқи пурраи барнома бо ҷалби фаъоли сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеа ва ниҳодҳои байналмилалӣ имконпазир буда, нақши ҳар як шарики рушд дар ин раванд муҳим арзёбӣ мегардад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






