Барои дар тобистон ба бемории дарунравӣ гирифтор нашудани кӯдакон чӣ бояд кард?
ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар муассисаҳои тандурустии мамлакат барои пешгирии бемориҳои дарунравӣ ва сари вақт табобат намудани он 1227 адад нуқтаҳои регидрататсияи (обнӯшонии) даҳонӣ ва 2 115 адад катҳои рӯзона ташкил карда шудааст. Дар ин хусус 10 июн зимни баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, нуқтаҳои регидрататсияи даҳонӣ ва катҳои хоб дар асосии фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2008 «Дар бораи тадбирҳои мукаммал намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии бемориҳои дарунравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шудааст.
Дарунравӣ яке аз сабабҳои асосии фавти кӯдакон дар саросари ҷаҳон буда, он асосан аз истеъмоли ғизои вайроншуда ва оби ифлосшуда ба вуҷуд меояд. Дар саросари ҷаҳон тақрибан 780 миллион нафар одамон ба манбаъҳои оби ошомиданӣ дастрасӣ надошта, 2,5 миллиард нафар одамон аз шароити беҳтаргаштаи санитарӣ маҳрум мебошанд. Дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ин беморӣ, ки ангезандааш омилҳои сироятӣ мебошанд, хеле маъмул аст.
Тибқи маълумотҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар дунё дар кӯдакони синни то 5-сола тақрибан 110 миллион ҳолати дарунравии сабук, 10 миллион ҳолати дарунравии миёна ва 9 миллион ҳолати шадиди сироятии ротавирусҳо ба вуҷуд меоранд.
Ба тавсияи табибон, иммунизатсия самараноктарин роҳи ҳифзи кӯдакон аз сирояти ротавирусӣ мебошад.
Дар ин росто, Тоҷикистон чордаҳумин давлат дар минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аст, ки аз соли 2015 ваксинаи зидди ротавирусиро ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намудааст. Тибқи тақвими миллӣ, тамоми кӯдакон дар синни 2-моҳагӣ ва 4-моҳагӣ бар зидди сирояти ротавирусӣ ваксинатсия карда мешаванд.
Бо фарорасии фасли тобистон бемории мавсимии дарунравӣ (диарея), хусусан дар байни кӯдакон меафзояд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 1,5 миллион кӯдаки синнашон то 5 — сола аз дарунравӣ мефавтанд.
Дар ҷумҳурии мо низ дар ин фасл байни калонсолон ва хӯрдсолон афзоиши гирифторӣ ба бемории дарунравӣ ба мушоҳида мерасад.
Омили асосии дарунравӣ ин микробҳое мебошанд, ки дар наҷосат ҷойгир шуда, ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Микробҳо асосан аз риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва истеъмоли ғизои нодуруст мебошад.
Бояд хотиррасон намуд, ки истеъмоли ғизо ҷисми моро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарур таъмин мекунад. Инчунин, дар баъзе ҳолатҳо ношуста истеъмол намудани меваю сабзавот низ метавонад сабабгори пайдо шудани дарунравӣ гардад.
Барои он кӯдакон бештар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ки аксари онҳо ба ҷои шири модар ҳар гуна ғизоҳои сунъӣ истеъмол менамоянд. Синамаконӣ имкон медиҳад, ки кӯдакон камтар ба дарунравӣ дучор гарданд. Шири модар ин манбаи беҳтарини моеъ ва ғизо барои кӯдакони мубталои дарунравӣ мебошад, зеро серғизо буда, барои баланд бардоштани дараҷаи сироятнопазирии кӯдак ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин кӯдакон назар ба инсонҳои калон ҷисмашон нозук мебошад. Фавти кӯдакон аз ин гуна бемориҳо дар ҷои аввал меистад. Бинобар ин волидайнро мебояд, ки ҳангоми мушоҳидаи аввалин ҳолати дарунравии кӯдак сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






