Барои масъулини бахши молиявии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ оғоз гардид

Июнь 3, 2025 15:45

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн дар шаҳри Душанбе барои масъулини бахши молиявии сохторҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Рақамикунонии баҳисобгирии молиявӣ – ҳамчун асоси пешрафти устувор ва идоракунии муосир» машварати омӯзишӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода вобаста ба низом даровардани фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, инкишофи равандҳои муосир дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт ва ба талаботи муосир мутобиқ гардонидани бахши молиявии сохторҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони муосир бе рақамикунонӣ рушди давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Рақамикунонии соҳа  шаффофиятро афзоиш дода, ҳолатҳои коррупсиониро пешгирӣ менамояд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар низоми молиявӣ ба баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии идоракунӣ дар иқтисодиёт мусоидат менамояд».

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро  дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Татбиқи саривақтии ин ташаббус имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба ин раванд вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбанд ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.

АКС: Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон

Июнь 3, 2025 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад