Барои омода намудани кӯдак ба синфи якум чӣ бояд кард?
ДУШАНБЕ, 08.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум ба соли таҳсили 2025-2026 оғоз мегардад, иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил ба синфи 1-ум (барои як моҳ), ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳангоми номнавис гардидани хонандагон таҳсил аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин давра бо хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад.
Тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешавад.
Тавре дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.
Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад.
Дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз онҳо расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод намоянд.
Имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2018 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2019 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.
Равоншиносон ба падару модар ва омӯзгорон тавсия медиҳанд, ки барои омода намудани кӯдак ба синфи якум ва ҳавасманд сохтани ӯ диққат диҳанд. Зеро вақте кӯдак аввалин маротиба ба мактаб меояд, мушкилоти асосӣ- ин муҳити нав мебошад. Кӯдак пештар фақат бо оилаи худ дар муошират буд, ҳоло ӯ бояд бо одамони зиёд муносибат намояд. Дар ин вақт кори асосии омӯзгор ӯро бо муҳити нав шинос намудан аст. Ба кӯдак дар баробари савод, бояд тарзи дар ҷамъият сухан гуфтан, одоби нишасту хез, баробарӣ, масъулиятшиносӣ, муносибати дӯстона бо ҳамсабақон ва тавоноиву таҳаммулпазириро бояд омӯзонид.
Ба гуфти равоншиносон, алоқамандӣ байни оила ва мактаб дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Мушкилии дигар- ин риояи реҷаи рӯз аст, ки кӯдак ба муҳити нав- муҳити омӯзиш дохил мешавад. Мушкилии дигар фаъолияту супоришҳо мебошанд, зеро қабалн дар хона фаъолияти асосии онҳо бозӣ буд, ҳоло кӯдак бояд машғулияту супоришҳоро иҷро намояд ва вақти пурсидан онҳоро ба ёд оварда, ҷавоб диҳад.
Падару модар бояд фарзандонро ба мактаб тезтар одат диҳанд, ба дарсҳо шавқманд намоянд, бо онҳо бештар вақт гузаронанд. Ҳар рӯз аз ҷараёни дарси гузаштааш пурсон шаванд, агар чизеро хато навишт ё хато талаффуз намуд, сарзаниш накунанд, баръакси онро иҷро намоянд. Аз давраи мактабхонии худ нақл кунанд, то кӯдак ба дарс майлу рағбат пайдо намояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






