Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ҳамоиши сатҳи баланд оид ба яхшиносӣ баргузор гардид

Июнь 13, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 13.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи байниҳукуматии гидрологӣ (IHP)-и  ЮНЕСКО ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо то Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ, солҳои 2025–2034» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба иштирокчиёни чорабинӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии метеорология (WMO) баргузор гардид, маълумот дод.

Дар ҷараёни ҳамоиш нақши калидии пиряхҳо дар низоми иқлим ва аҳаммияти ҳифзи онҳо таъкид гардид. Ин паём тавассути қабули Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо боз ҳам таҳким ёфт, ки дар он зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалии илмӣ ва ҷалби сармоягузории устувор ба тадқиқоти соҳаи криосфера таъкид  шудааст.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд