Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъсиси Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар вохӯрии вазирони молия ва роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои аъзои СҲШ, ки дар Пекин таҳти раёсати ҷониби Чин баргузор гардид, баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон итиилоъ медиҳад, ки дар ин вохӯрӣ аз Тоҷикистон муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар нишаст ҷонибҳо вазъи сиёсию макроиқтисодии ҷаҳон ва пешбурди ҳамкории минтақавӣ дар самти буҷет ва молия (аз ҷумла, таъсиси платформаи маблағгузорӣ) ва шабакаи марказҳои таҳлилии СҲШ оид ба молия, рушди маблағгузории фарогири рақамиро баррасӣ намуданд.
Инчунин тавсеаи минбаъдаи истифодаи асъори миллии давлатҳои аъзои СҲШ дар бахши тиҷорат ва сармоягузории минтақавӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила дар доираи созмон, тадбирҳои рафъи мушкилоти фаромиллии пулию қарзӣ, таъмини амният, сулҳу субот дар минтақа, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва тавсеа ёфтани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ муҳокима гардид.
Иброз гардид, ки ба роҳ мондани ҳамкории самараноки иқтисодӣ, табодули таҷриба ва машваратҳои пайваста миёни давлатҳои аъзо оид ба ташкили механизми молиявӣ метавонад ба рушди устувори кишварҳо мусоидат намояд.
Дар идома барои таъсиси Бонки рушди СҲШ намояндагони кишварҳои аъзо қарори дахлдор қабул намуда, ҷиҳати татбиқи он омодагии хешро изҳор доштанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






