Дар 11 гектар замини «Боғи анор»-и шаҳри Норак корҳои азнавбарқароркунӣ ҷараён доранд

Июнь 22, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 22.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Боғи анор», воқеъ дар шаҳри Норак 10 навъи анор парвариш меёбад. Боғи мазкур дар масоҳати 124 гектар доман паҳн намуда, дар 11 гектари он бо сабаби хушкшавии ниҳолҳо корҳои азнавбарқароркунӣ ҷараён доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ медиҳад.

Айни замон мутасаддиён барои ба даст овардани ҳосили фаровон дар «Боғи анор» корҳои агротехникӣ, аз ҷумла тоза кардани қаторҳоро анҷом дода истодаанд.

Тибқи иттилои масъулин, онҳо аз боғи мазкур дар як сол зиёда аз 60 тонна ҳосил ба даст меоранд. Оғози ҷамъоварии ҳосили анор аз моҳи октябр оғоз шуда, то охирҳои моҳи ноябр идома меёбад. Дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо анори ватанӣ, инчунин он ба содирот нигаронида шудааст.

Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон 207 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз он 131 гектар ҳосилдеҳ буда, боқимонда боғҳои кӯҳна ва навбунёд мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2010 аз ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Эрон ниҳолҳои анор барои парвариш оварда шуданд, аммо ба ин минтақа мувофиқ наомаданд. Тамоми боғоти анори ин минтақаи ҷумҳурӣ аз ниҳолҳои ватанӣ мебошад. Дар ин минтақа асосан ду навъи анор: сафеди мулоимдона ва сурх парвариш карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон асосан панҷ навъи анор павариш карда мешавад. Давраи афзоиши анор аз 180 то 215 рӯз, рушди меваҳо аз 120 то 160 рӯзро ташкил медиҳад.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, меваи анор аз қанд, витамини С бой буда, дорои моддаҳои маъданӣ ва микроэлементҳо, ба монанди калтсий, калий, марган ва натрий мебошад. Меваҳо то 60 фоиз шарбат доранд. Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сӯхтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст.

Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст. Аз як дарахт 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз намуда, аз 5 то 35 сол ҳосил медиҳад. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст.

Давраи ҳосилдиҳии анор аз усули зиёдкунӣ вобастааст. Агар анор ба воситаи тухм зиёд карда шавад, дар 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз мекунад, агар аз қаламча зиёд карда шавад, дар соли дуюми баъди шинонидан ҳосил медиҳад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 22, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд