Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд

Июнь 21, 2025 12:03

ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ 10 ҳазору  515 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд.

Инчунин дар муассисаҳои таълимии №5, 8, 10, 14, 15, 35, 36, 54, 68, 84 ва Гимназия — парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафуров истироҳатгоҳҳо бо таъминоти ғизоӣ фаъолият доранд. Дар ин истироҳатгоҳҳо 2320 нафар кӯдак, аз ҷумла 1351 духтар истироҳат намуда истодаанд.

Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ва баргузории  истироҳати босамари тобистонаи хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро пайваста амалӣ  менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳати босамари кӯдакону наврасон дар мавсими тобистон ҳамасола Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб мерасад, ки тибқи он масъулин барои ташкили истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва берун аз шаҳри вазифадор мегарданд.

АКС: Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ

Июнь 21, 2025 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад