Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Июнь 26, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши  идона  баргузор  шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи гражданӣ  хабар доданд.

Тавре директори Агентӣ Ҳабибулло Назарзода иброз дошт,  «тайи 28 соли пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, ки  дар натиҷаи  хизматҳои  шоёну таърихии   Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми  сарбаланду сулҳпарвари тоҷик   ба даст омадааст, Ватани  мо ба дастоварду пешравиҳои бесобиқа ноил гардид. Дар ин давра барои сокинони мамлакат  шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шуд. Имрӯз тоҷикистониён  дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ  ба яке аз ҷашнҳои фархундаи миллӣ -35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ дида, корҳои ободонию созандагиро вусъат мебахшанд».

— Ҳар як фарди Тоҷикистон  бояд  ин гуфтаҳои Сарвари давлатро дар ёд дошта, онро дар  амали ҳаррӯза сармашқи кори худ  намояд. Пешвои миллат  таъкид намуданд, ки «мо ваҳдати миллиро, дар баробари истиқлоли давлатӣ, як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем. Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад, — хотиррасон намуд Ҳабибулло Назарзода.

Иштирокдорони дигари ҳамоиш оид ба дастовардҳое, ки бо шарофати  ваҳдати миллӣ халқи тоҷик ба онҳо ноил гардидаанд, каҳрамониҳои Президенти мамлакат дар роҳи расидан ба сулҳ ибрози андеша намуда, ҳозиринро даъват карданд, ки ҳифзу таҳкими ин арзиши миллӣ вазифаи ҳар яки мост.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд