Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 июн, соати 00:43 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Дар ин хусус Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маркази заминларза дар километри 170-уми самти шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва километри 30-уми самти шарқи Рашт ба қайд гирифта шуд.
Қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл, дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






