Дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид

Июнь 11, 2025 14:44

ДУШАНБЕ,11.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса ба ифтихори 700 – солагии Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Оосрхонаи миллии Тоҷикистон.

Дар ифтитоҳи расмии намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Брито роҷеъ ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули тоҷику форс сухан намуданд.

Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии «Девон»- и Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки аҳамияти бузурги илмӣ ва таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд. Инчунин дар намоиш намунаҳои ҳунари хушнависӣ ва асарҳои санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигори тоҷик Олимҷон Комилзода дар асоси ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ тасвир гардиданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар баробари осори хаттӣ, инчунин дар намоиш намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимаи миллӣ, ба монанди сӯзаниҳо, атласу адрас, мисгарӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал ва дигар мероси фарҳангӣ, ки бо ҳунари баланд омода гардидаанд ва муаррифи фарҳанги тоҷикон мебошанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи намоиш муаррифии осори ҷаҳоншумули Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар қалби Аврупо ва арҷгузорӣ ба ин шахсияти таърихӣ ва осори бебаҳои шоир мебошад.

 

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 11, 2025 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд