Дар басти аввал дар «Зимчуруд» 250 нафар кӯдакон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 июн басти аввали истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо фарогирии 250 нафар кӯдакони ятиму бепарастор, иштирокчиёни озмунҳои фанниву олимпиадаҳо ва чорабиниҳои ноҳиявию шаҳрӣ дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода иброз дошт, ки имрӯз истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон бо фарогирии беш аз 250 нафар дар 4 баст бо давомнокии 12 рӯз дар ҳар баст тариқи ройгон амалӣ шуд.
«Дар басти аввал чун ҳарвақта хонандагони ятиму бепарастор, иштирокчиёни озмунҳои фанниву олимпиадаҳо ва чорабиниҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҷалб крада шудаанд. Ҳамзамон, дар ҳар як баст ба 30 нафар хонанда аз мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе низ ба истироҳату солимгардонӣ рохҳат дода мешавад»,-афзуд Зарина Зуҳурова.
Таъкид карда шуд, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, дӯст доштани табиат, истироҳат дар мавзеъҳои нотакрори диёр ва омодагӣ барои соли хониши нав яке аз ҳадафҳои асосии ташкили истироҳати тобистона барои насли наврас мебошад.
Иброз гардид, ки ҳамасола, дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе барои ба истироҳати тобистона ҷалб намудани кӯдакону наврасони пойтахт дар истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Тибқи қарори дахлдор, кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва он хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намунавӣ гардидаанд, тибқи роҳхат давоми 12 рӯз ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






