Дар Бохтар бинои нави Беморхонаи бемориҳои дил ва маркази эндокринология сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бохтар бинои нави Беморхонаи бемориҳои дил ва маркази эндокринология сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Бинои нави беморхона аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо маблағи 19 миллион сомонӣ дар шафати маркази бемориҳои чашм бунёд мегардад. Муассисаи тиббӣ дар заминаи бинои ҳозираи сохта мешавад.
Беморхона аз 4 ошёна иборат буда, пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ бинои нав бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Дар ошёнаи дуюми бино маркази бемориҳои дил таъсис ёфта, бо 40 кати хоб таъмин мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд






