Дар деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент беморхонаи муосир бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент беморхонаи сеошёна сохта, мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин беморхона ба зиёда аз 24 ҳазор аҳолӣ хизмат расонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Инчунин дар маркази табобатии «Шифо»-и шаҳр корҳои навсозӣ ҷараён доранд. Баъди ба истифода додани ин муассиса барои шаҳрвандон шароити муосири тиббӣ фароҳам мегардад.
Дар доираи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ корҳои ободонӣ ҷараён дошта, баҳри фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Инчунин дар ин мавзеъ Маркази нави оши палав бунёд карда мешавад, ки даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Масъулини шаҳри Панҷакент барои чароғонкунии кӯчаҳо, мумфаршсозии роҳҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд. Ҳамчунин бо мақсади тадбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ дар ҳар гӯшаи шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот сохтмони иншооти иҷтимоӣ бо маром идома дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






