Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи мо буда, маҳз бо шарофати он имрӯз Тоҷикистон дар фазои оромиву субот ва рушди устувор қарор дорад. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар ҳамоише, ки имрӯз ба ифтихори 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд, иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш Убайдулло Асрорзода афзуд, ки бо ҳидоят ва заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ сулҳу субот таъмин гардид ва ин дастоварди таърихӣ бояд ҳамеша ҳифз ва таҳким бахшида шавад.
«Дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди инфрасохтор ва беҳтарсозии шароити таълиму тарбия дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мегарданд», — илова кард ректор.
Таъкид шуд, ки имрӯз дар донишгоҳ шароити мусоиди таҳсилу фаъолият муҳай аст ва аз ҳар як донишҷӯ ва корманд масъулияту заҳмати содиқона тақозо менамояд.
— Ҳадафи асосии мо тарбияи ҷавонони ватандӯсту хештаншинос мебошад, ки дар пешрафти донишгоҳ ва ободии Ватан саҳмгузоранд, — таъкид шуд дар ҳамоиш.
Дар идомаи ҷамъомад дигар иштирокдорон доир ба ин санаи таърихӣ ибрози назар намуда, Ваҳдати миллиро яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ унвон намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






