Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар вобаста ба амнияти иттилоотӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Июнь 17, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Зеро дар ҷаҳони имрӯза рақобатҳои геополитикӣ байни давлатҳо афзуда, барои ба ҳадафҳои худ расидан аз ҷангҳои равонию иттилоотӣ бештар истифода мебаранд. Чунин иброз гардид  дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Вазъият ва дурнамои амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртазоди ҷаҳонӣ саъю кӯшиши хешро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлол равона намудааст.

«Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз бе иттилоот ва технологияҳои коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар рӯз ба фазои иттилооти зиёд ворид шуда, коркард мегардад, ки аксари он ғалат (фейк) мебошанд. Шабакаҳои иттилоотӣ ва воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ба ҷои густариш ва ҳамбастагӣ бо ҳадафҳои геополитикӣ ба майдони набардҳои иттилоотӣ ворид шуда, вазъи давлатҳо ва ҷомеаҳоро ноором месозанд»,-изҳор гардид дар конфронс.

Инчунин иштирокчиёни конфронс масъалаҳои амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тавсеаи набардҳои геополетикӣ, ва  масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Июнь 17, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад