Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ — асоси рушд ва тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ хабар доданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Амид Комилбек доир ба нақши Ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан гуфт.
Дар конфронст таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки меъмори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, барои миллати тоҷик неъмати бузург аст. Маҳз дар партави сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат кулли соҳаҳои иқтисоди мамлакат рушд намуда, Тоҷикистон ба давлати ташаббускор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардид.
Баён шуд, ки дар замони ниҳоят пуртазоди ҷаҳонишавӣ инсоният ба мушкилоту таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ шуда истодааст, ки ҳаллу фасли онҳо танҳо тавассути ақлу хирад ва фарҳанги инсонпарварона имконпазир мебошад.
«Аз ин рӯ, наслҳои имрӯзу фардоро зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ҳарчи бештар муттаҳид бошанд ва нагузоранд, ки дар ҷомеа ғояҳои ифротиву ба фарҳанги мо бегона нуфуз пайдо карда, зиндагии орому осудаи сокинони мамлакатро халалдор созанд»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






