Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Июнь 4, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат доир ба ҳифзи муҳити зист ва аҳамияти ҳаётии онҳо барои башарият» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба обу иқлим  муҳим ва саривақтӣ мебошанд. Иқдомҳои башардӯстона ва дурандешонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар соҳаи обу иқлим аз  тарафи  ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдории зиёд гардид, ки он аз рафти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳо дар Душанбе  (29-31)  ба мушоҳида расид.

«Бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Пешвои миллат  вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим мутахассисон ва муҳаққиқони моро зарур аст, ки ташаббускор бошанд ва тамоми чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоянд»,- иброз гардид  дар конфронс.

Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саҳифаи нави таърихӣ кушода шуд. Ин ташаббуси Президенти Тоҷикистон  маротибаи  дигар мамлакати моро  ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Баргузории ин ҳамоиши илмӣ ба иштирокчиён шароити мусоид фароҳам овард,  ки андешаҳои худро оид ба паҳлуҳои фалсафӣ, илмӣ ва амалии ҳифзи муҳити зист иброз намоянд. Мавзӯъҳо на танҳо зарфияти назариявии муҳаққиқонро бозгӯ карданд, балки аҳамияти рӯзмарраи ташаббусҳои Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои башарӣ таъкид намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Июнь 4, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид