Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои рушди саноати хӯрокворӣ лоиҳаи OFINU муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 40 корхонаю муассиса ва ташкилот барои хатмкунандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти донишгоҳ намоиши маҳсулот ва ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид.
Тавре аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ин намоиш лоиҳаи Барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо «OFINU – Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ» муаррифӣ карда шуд.
Ҳадафи лоиҳа таҳия ва татбиқи шакли нави таълим дар донишгоҳҳои аъзои консорсиум аз Осиёи Марказӣ мебошад. Раванди омӯзиш дар он ба шакли модулӣ амалӣ мешавад, ки якҷоя бо донишҷӯён ва таълимгирандагони берунӣ – шахсонеро, ки мақсади гирифтани донишҳои касбиро оид ба коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва ё таҳсилоти олӣ доранд, фаро мегирад.
Амалишавии ин лоиҳа ба донишгоҳҳои ҳамшарик аз Осиёи Марказӣ имконияти нави амалӣ ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнатро дар самти саноати хӯрокворӣ фароҳам меоварад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






