Дар Душанбе ҷаласаи мутахассисони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид

Июнь 4, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мутахассисони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба беҳтар намудани таъминоти иттилоотии хадамоти миллии оморӣ  оғоз гардид, ки он то 5 июн идома меёбад.

Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти омори Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доранд.

Дар ҷаласа  масъалаҳои ташаккул ва роҳҳои муосири паҳннамоии саривақтии иттилооти оморӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ ҷиҳати баландбардории сатҳи қаноатмандии истифодабарандагони маълумоти оморӣ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин дар назар аст, ки дар ҷаласа масъалаи  таҳиянамоии маълумоти омори расмӣ дар давлатҳои аъзо ва татбиқи тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ аз Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирад.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз намуд, ки танҳо бо ҳамкории муштарак дар татбиқи технологияҳои иттилоотӣ, таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, таҳияи маълумоти кушода ва ташаккули он дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шакли оморӣ оид ба  равандҳои тиҷорат ва умуман дар татбиқи воситаҳои муосири коркард ва интиқоли иттилоот дар соҳаҳои гуногун метавонем муваффақ гардем.

АКС: Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад