Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад

Июнь 4, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Интизор меравад, ки имрӯз, 4 июн барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  роҳбарони ҳукуматҳо ва намояндагони Озарбойҷон, Белорус, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон  ва Туркманистон ташриф оранд.

Сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар Душанбе масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар анҷоми ҷаласа изҳороти матбуотӣ бо иштироки Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев барои намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 4, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд