Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид

Июнь 20, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-меъмори Ваҳдат» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.

Иштирокдорони ҳамоиш оид ба нақши Ваҳдат миллӣ дар рушди давлатдории миллӣ ибрози андеша намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки Истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад.

— Бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таври дигар  арҷ гузоштан ба  истиқлолияти давлатӣ аст. Зеро маҳз натиҷаи Ваҳдати миллӣ буд, ки мардуми  Тоҷикистон дар атрофи давлату Ҳукумати  мамлакат сарҷаъм шуда, бо меҳнати фидокорона  ба пешрафту шукуфоии  ҷумҳурӣ ноил гардиданд, — тазаккур доданд онҳо.

Воқеан ҳам, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил беназир аст.

Ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ аксияи ҳизбии «Шоҳроҳи Ваҳдат» баргузор карда шуд, ки дар доираи он ҳизбиёни ноҳияи Фирдавсӣ бо Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон шинос шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Июнь 20, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд