Дар Душанбе бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу маориф бо омӯзгорону волидайн ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки гарчанде дар натиҷаи чораандешиҳои ҳамешагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сатҳи ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард дар байни ноболиғону ҷавонон сол то сол коҳиш ёфта истода бошад ҳам, вале ҳанӯз ин қаноатмандкунанда нест. Баъзан наврасоне ҳастанд, ки вақти пурқиммати худро ба амалу кирдорҳои номатлуб ва беҳудагардӣ сарф мекунанд, ки дар бештари маврид оқибат ба ҷинояткорӣ оварда мерасонад.
Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи шаҳри Душанбе Фаррух Анварзода изҳор намуд, ки масъалаи асосӣ, ин бо худ гирифтан ва истифодаи олотҳои халандаву буранда, аз қабили корду кастет аз ҷониби бархе аз ноболиғон ва ба бозиҳои компютерие, ки ба руҳу равони ноболиғон зарар мерасонад, машғул гардидани онҳо ташвишовар боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, таъкид гардид, ки барои таълиму тарбияи наврасон аҳли ҷомеа, махсусан волидайн масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.
Бояд иброз намуд, ки тибқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда вазифадор шудаанд, ки ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд.
Бо ин мақсад вобаста ба хунукназарона рафтор намудани бархе аз падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон, сари вақт ҳозир нашудан ба дарсҳо, овардан ва истифода бурдани телефони мобилӣ, ғайримақсаднок истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ноболиғон ёдовар шуда, оид ба пешгирии муноқишаҳои гурӯҳӣ, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, зираку ҳушёр буданро таъкид намуданд.
Анвар Раҳмон вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар ноҳияи Сино иброз дошт, ки аксари ҷиноятҳои содиршуда аз беназоратии бархе аз волидайн ва сабабҳои ночиз ба вуқуъ пайваста, сабаби аз озодӣ маҳрум гардидани ноболиғону пушаймонии падару модар аз назорат накардани фарзандонашон гардидааст.
Бо мақсади ба таълими босифат фаро гирифтани наврасон дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар баробари ғамхориҳои давлату ҳукумат ҷавонону наврасонро мебояд вақти пурқиммати худро ғанимат дониста, бештар ба омӯзиши илму дониш машғул шаванд. Зеро, ояндаи давлату миллат аз наврасону ҷавонон вобастагӣ дошта, танҳо он нафаре метавонад дар пешрафту тараққиёти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад, ки дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва илму дониши замонавӣ бошад.
Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода дар идома оид ба ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии сар задани ҳодисаҳои нохуш, муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон, садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо, ғарқшавӣ ва оббозӣ дар ҷойҳои хавфнок, сайру гашти гурӯҳӣ дар боғҳои шаҳри Душанбе ва мавзеҳои истироҳатии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб, шабнишиниҳои гурӯҳӣ дар таътили тобистона даъват намуд.
Ҳамзамон оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷӯстан аз рафиқони бадахлоқу ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ суханрониҳо карда шуда, наврасону ҷавононро ба омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ ҳидоят намуданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






