Дар Душанбе дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арманистон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва зарурати тақвияти талошҳои муштарак ҷиҳати истифодаи иқтидори транзитии Тоҷикистон ва Арманистон ва беҳдошти нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли бор байни ду давлат дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Арманистон дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Армен Гевондян баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот тадбирҳои минбаъда ҷиҳати муайян сохтани хатсайрҳои нав — долонҳои мултимодалии нақлиётӣ баррасӣ шуданд. Вазири нақлиёт доир ба аҳамияти фаъолсозӣ ва истифодаи долони нақлиётии мультимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» ибрози назар намуда гуфт, ки Тоҷикистон метавонад ва ба нақша гирифтааст, ки барои дигар кишварҳо минтақаи қулайи транзитии марбут ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз қабили ТРАСЕКА ва ЭСКАТО гардад, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Арманистонро дарбар мегиранд. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи декабри соли 2022 Созишномаро дар бораи иҷозати ягонаи транзитии TRACECA (долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё) таъйид ва имзо кард.
Сафир Армен Гевондян дар бораи тадбирҳое, ки аз ҷониби Арманистон бо мақсади таъсиси долонҳои нав ва фаъол гардонидани долонҳои мавҷудаи нақлиётӣ андешида мешаванд, аз ҷумла, сохтмони долони нақлиётии «Шимол – Ҷануб», ки ба роҳандозии ҳамлу нақли транзитӣ байни Гурҷистон, Туркия, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, инчунин иштирок дар лоиҳаи «Чорроҳаи ҷаҳон», ки навсозии шабакаи алоқаи нақлиётиро дар Қафқози ҷанубӣ бо нақши марказии Арманистон дар он дар назар дорад, маълумот дод.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Сафири Арманистон барои идомаи муколама бо мақсади таҳия ва татбиқи минбаъдаи пешниҳод оид ба хатсайрҳои ояндадор, ки ҳамкории иқтисодӣ тақозо мекунад, ба мувофиқа расиданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд






