Дар Душанбе Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон таъсис дода мешавад

Июнь 3, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 03.06.2025/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон таъсис дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф дар шаҳри Душанбе, байни мақомоти Тоҷикистон ва Эрон 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Яке аз онҳо Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фанноваронаи байналмиллалии муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёди раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз кишварҳои рушдёфта дар соҳаи фанноварӣ буда, бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия ҳамкории зич ва назаррас дорад.

Интизор меравад, ки таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон барои боз ҳам густариши ҳамкории ду кишвари дӯст дар соҳаи фанноварӣ мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 3, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд