Дар Душанбе масъалаи таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ дар фурудгоҳҳои мамлакат дар ҷаласаи «Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Комиссия, муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, муовини якуми Раиси Комиссия Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва роҳбарони аввали корхонаҳои авиатсионӣ, муовинони роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа омодагии босифат ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани аудити Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Тавре таъкид гардид, яке аз масъалаҳои асосӣ ва пешбарандаи соҳаи авиатсияи гражданӣ ин таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ мебошад, ки дар асоси талаботҳои қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Тибқи талаботи ин қарор ҷаласаи «Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ» дар як сол ду маротиба гузаронида мешавад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷуумҳурии Тоҷикистон









Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






