Дар Душанбе мубодилаи барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши филмҳо байни Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид

Июнь 5, 2025 14:14

ДУШАНБЕ, 05.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 июн дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳии барномаҳои мубодилаи фарҳангӣ ва намоиши филмҳою барномаҳои телевизионӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосӣ  мубодилаи фарҳангӣ ва намоиши филмҳою барномаҳои телевизионӣ байни ду давлат, таҳкими дӯстӣ ва тавсеаи ҳамкории фарҳангии ҷонибҳо мебошад.

Дар оғоз аз ҷониби телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои гуногунжанри телевизионӣ, ки аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, имкониятҳои сайёҳӣ ва таъриху тамаддуни миллат тоҷик бозгӯ буд, намоиш дода шуд.

Иброз гардид, ки дар оянда шумораи барномаҳои телевизионӣ ва филмҳое, ки барои мубодила пешниҳод карда мешавад, боз ҳам афзоиш дода мешавад.

Дар доира мубодилаи беҳтарин филму барномаҳои телевизионӣ, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба телевизионҳои Шэнсӣ барои намоиш пешниҳод гардидааст. Инчунин аз ҷониби телевизионҳои Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин  низ як қатор барномаву филмҳои телевизионӣ барои намоиш додан дар телевизионҳои Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки ин иқдом барои муаррифӣ намудани фарҳангу оину суннат ва маконҳои таърихиву сайёҳии дуҷониб қадами муҳим мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 5, 2025 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд