Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи саноат баррасӣ шуд

Июнь 21, 2025 08:29

ДУШАНБЕ, 21.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон беш аз 1600 номгӯйи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки дар рушди соҳаи дорусозӣ замина мегузоранд. Ин матлаб дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Сафири Ҷумҳурии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф баён гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба имкониятҳои гуногуни сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи истихроҷи маъдан, саноати дорусозӣ ва дар маҷмӯъ таҳкими ҳамкории ду давлатро дар соҳаҳои афзалиятнок муҳокима намуданд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бои саноатӣ, хусусан маъданҳои кӯҳӣ мебошад. Аз ҷумла, се маводе, ки дар истеҳсоли электромобил заруранд ва ба таври васеъ истифода мегарданд — руҳ, литий ва алюминий дар ҷумҳурӣ фаровон аст.

Сафири Олмон таваҷҷуҳи кишварашро ба сармоягузорӣ, дар ҳолати созгор будани шароит таъкид намуда, иттилоъ дод, ки дар тирамоҳ ҳайатҳои тиҷоратии Олмон бо мақсади омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе меоянд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2025 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд