Дар Душанбе вобаста ба рушди мониторинги обҳои рӯизаминии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Июнь 12, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкорӣ» ҳамоиш доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҳамоиш иштирокчиён табодули пешниҳод оид ба рушди минбаъдаи мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ ва суръатбахшии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи захираҳои об ва муҳити зист дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки ҳадафи ҳамоиш баланд бардоштани иқтидор дар бахши идоракунии муҳити зист, арзёбӣ ва мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ мебошад. Дар маҷмӯъ мусоидат ба татбиқи «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва дигар барномаҳои соҳавӣ аст.

Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукур иброз дошт, ки ҳадафи мониторинг баланд бардоштани қобилияти идоракунии экологӣ, арзёбии сифати обҳои рӯизаминӣ ва расидан ба ҳадафҳои миллӣ, ки дар «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муайян шудаанд, мебошад.

Дар доираи стратегия шарикони рушд, барои мониторинг ва арзёбии сифати об кӯмаки техникиро аз ҷумла таҷҳизот, восита ва асбобҳои зарурӣ пешниҳод карданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо бо ҷалби шарикони рушд қадами муҳим дар рушди устувори захираҳои об ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид