Дар Душанбе вобаста ба таҳия намудани санади Гурӯҳбандии лоиҳаҳои «сабз» ҷаласаи Гуруҳи корӣ доир шуд

Июнь 12, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади амалисозии ҳадафу вазифаҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»  ва таҳия намудани санади Гурӯҳбандии (Таксономия)-и лоиҳаҳои «сабз» ҷаласаи Гурӯҳи корӣ бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Дар оғози ҷаласа муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода вобаста ба ҳадафу вазифаҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва зарурати қабули ин санад маълумот пешниҳод намуд.

Иброз гардид, ки Гурӯҳбандӣ (Таксономия)-и лоиҳаҳои «сабз» бо мақсади ҷалби сармояи «сабз» барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, пешниҳоди қарзҳои «сабз» ва таҳияи лоиҳаҳои ҷавобгӯ ба принсипҳои иқтисоди «сабз» таҳия мегардад.

Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби мушовири байналмилалӣ Оливер Ҳерманн рӯнамо оид ба моҳияти Таксономияи «сабз», таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусияти ин ҳуҷҷат манзур гардид.

Дар доираи ҷаласа аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо ва мушовирон вобаста ба нақшаҳои минбаъда ва сохтори ҳуҷҷати таҳияшаванда мубодилаи афкор гардид.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд