Дар Хадамоти гумрук масъалаи ҷалби иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ,11.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои ҷалби иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ба институти танзимгари ваколатдори иқтисодӣ дар мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо коршиноси байналмилалӣ дар масъалаи Институти танзимгари ваколатдори иқтисодӣ Ричард Чопра дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҳамзамон истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар ин самт ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ матраҳ шуд.
Бояд гуфт, ки соли 2023 дар шаҳри Москва дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Созишнома дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ ба имзо расид. Дар ин росто, изҳори омодагии мақомоти гумрук ҷиҳати бастани чунин шартномаҳо бо дигар кишварҳо дар мулоқот таъкид гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои талаботи Созишномаи Созмони ҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020 ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ворид гардида, боби нав 81 оид ба ҷорӣ намудани консепсияи «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» (Иштирокчии боэътимоди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ) илова карда шуд.
Боби мазкур мафҳуми «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ», шартҳои додани мақоми «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» ба шахси ҳуқуқӣ, дохил намудани он ба Феҳрист, додани шаҳодатнома, бозхондани он, соддагардонии махсуси ба «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» пешниҳодшаванда ва дигар масъалаҳо марбут ба танзимгари ваколатдори иқтисодиро дар бар мегирад.
Мутобиқи меъёри мазкур, дар ҷумҳурӣ гурӯҳи шахсони ҳуқуқии ватанӣ ташкил мешавад, ки тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият намуда, расмиёти содагардонидашудаи махсуси барасмиятдарории гумрукиро истифода мебаранд ва ба «руйхати сафед» ворид карда мешаванд.
Иштирокчиёни боэътимоди бозор, ки мақоми «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ»-ро мегиранд, дар рафти барасмиятдарории гумрукӣ аз соддагардонии махсус, аз ҷумла анҷом додани амалиёти гумрукӣ вобаста ба интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, дар навбати аввал гузаронидани назорати гумрукӣ дар шакли азназаргузаронии гумрукӣ ё муоинаи гумрукӣ, нигаҳдории муваққатии мол дар биноҳо, майдончаҳои кушода ва дигар ҳудудҳои худ, иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ, анҷом додани амалиёти гумрукӣ марбут ба иҷозати мол дар биноҳо, майдончаҳои кушода ва дигар ҳудудҳои худ, пешниҳод накардани таъмини иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ ва ҳангоми иҷозати моле, ки нисбати он дорандаи мақом ҳамчун декларант баромад мекунад, бархӯрдор мегарданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






