Дар Хатлон бо сабаби надонистани қоидаҳои оббозӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон 48 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳу 15 рӯзи соли равон дар ҳудуди вилояти Хатлон 48 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 49 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Ҳолатҳои ғарқшавӣ шаҳрвандон бо сабабҳои гуногун, хусусан риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои мамлакат мебошад.
Дар ин замина бо мақсади пешгирӣ аз талафоти ҷонӣ ва ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар вилояти Хатлон амалиёти рамзӣ бо номи «Наҷот» оғоз гардид.
Дар доираи ин амалиёт, кормандони милитсия, аз ҷумла масъулини хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони мақомоти милитсияи вилояти Хатлон ба соҳили каналу дарёҳо ва кӯлу ҳавзҳо, махсусан минтақаҳои барои оббозӣ мамнӯъ ва хатарнок сафарбар карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз падару модарон даъват менамояд, ки назоратро ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии фарзандону пайвандон пурзӯр намоянд. Зеро истироҳату фароғат дар назди кӯлу обанборҳо метавонад бо фоҷеа анҷомад.
Хотиррасон мешаем, ки бо фаро расидани фасли тобистон талабот ба шиноварӣ зиёд мегардад. Маъмулан дар ин давра соҳили баҳру дарёҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва каналҳо пур аз истироҳаткунандагон мешавад. Дар ин фасл аксарияти шаҳрвандон макони истироҳатӣ меҷӯянд, то аз гармии шадид дур бошанд ва ҳам оббозӣ кунанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама бояд қоидаҳои оббозӣ карданро донистан лозим аст. Махсусан падару модарон бояд фарзандонро беназорат нагузоранд, зеро қариб ҳар тобистон дар натиҷаи риоя накардани қоидаи оббозӣ чандин нафар наврасон ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд.
Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ дар обанборҳо, кӯлҳо ва каналу дарёҳо талаботи бехатариро пурра риоя кунанд. Дар ҷойҳои манъшуда ба дохили об даромадан мумкин нест. Агар оббозӣ карда натавонед, беҳтараш кӯшиши ба об даромадан накунед. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кӯтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтмоли ҳалок шудан имконпазир аст. Агар бо аҳли оила ба соҳил рафтед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред.
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар аксари маврид одамон дар он маконҳое зери об мемонанд ва ҷонашонро аз даст медиҳанд, ки аз назарҳо дуранд ва аслан барои оббозӣ хеле хатарнок мебошанд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






