Дар Хуҷанд Форуми байналмилалии «Имкониятҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор гардид

Июнь 12, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии «Суғд – 2025» дар шаҳри Хуҷанд Форуми байналмилалии «Имкониятҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор шуд. Дар форум зиёда аз 500 меҳмон беш аз 20 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Таъкид гардид, ки «натиҷаи сиёсати «дарҳои боз» ва ҳамкории фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки имрӯз имкони баргузории чунин форумҳои байналмилалӣ фароҳам омадааст. Форуми имрӯза ба як майдони муҳими муколамаи судманд ва рушди робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ мубаддал гардид».

Раиси вилояти Суғд аз сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз ҳамин сиёсати устувору дурбинона шароити мусоидро барои рушди иқтисод, озодии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя фароҳам овардааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ соли охир ба иқтисодиёти вилояти Суғд беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст. Айни замон дар вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 250 миллион доллар амалӣ шуда истодааст.

Иброз гардид, ки Форуми имрӯза барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун заминаи устувор мегузоранд.

Дар доираи барномаи Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд – 2025», баргузории машваратҳо, муаррифии лоиҳаҳо, намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, вохӯриҳои дуҷониба байни соҳибкорон, инчунин имзои санадҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки аз 12 то 14 июн дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» ва Форуми имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа доир мегардад.

Ҳадафи намоишгоҳ дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» майдони хуб барои пешниҳод, баррасӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳо буда, дар он ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ менамоянд ва барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 12, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд