Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид

Июнь 9, 2025 10:18

ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо байни наврасони солҳои таваллуди 2008-2010 ҷамъбаст гардид ва  ғолибон қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон  бо ташаббуси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.  Дар  мусобиқа варзишгарон  аз тамоми гӯшаҳои мамлакат  ҷамъ омада,  бо  ҳам сабқат намуданд.

Бояд гуфт, ки ҷудо варзиши муқаррарӣ набуда, барномаи мукаммали омӯзишӣ аст, ки бо машғул шудан ба он  инсон худро дар самти матонату далерӣ  ва дигар  сифатҳои хуби инсонӣ такмилу тарбия менамояд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо бо беш аз 200 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ робитаи зичи ҳамкорӣ дорад ва ҳамасола шумораи дӯстдорони ин навъи варзиш дар ҷумҳурӣ  меафзояд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти   мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ  ва берун аз он варзишгарони тоҷик  дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок менамоянд. Яке аз тадбирҳои судманд дар ин самт таъсис додани Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба ҳавасмандгардонии варзишгарон равона гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 9, 2025 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад