Дар Институти биологии Помир озмоишгоҳи биотехнологӣ ба истифода дода шуд

Июнь 21, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи замонавии биотехнология бо асбобу таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  амалӣ гардид, ки барои беҳтар гардонидани  базаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ -таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Олимону муҳаққиқони самти илмҳои биологӣ минбаъд метавонанд дар ин озмоишгоҳ корҳои илмию таҳқиқотӣ анҷом диҳанд.

Озмоишгоҳ бо тамоми асбобу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳадафи асосии он омӯзиши асосҳои физиологӣ-биохимиявии устувории растаниҳо нисбат ба таъсири омилҳои номусоиди экологӣ ва механизмҳои мутобиқшавии онҳо ба таъсири шароити номатлуби баландкӯҳҳо машғул буда,  инчунин барои муайян кардани нақши нурҳои ултрабунафш ва ҳарорат дар ташшакулёбии ҳосилнокии растаниҳои баландкӯҳ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар як муддати кӯтоҳ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар пояи 7 муассисаи илмӣ таҳқиқотӣ озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 21, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд