Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд

Июнь 30, 2025 17:41

ТУРСУНЗОДА, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода зиёда аз 420 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд. Дар басти аввал аз шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон, Душанбе, Турсунзода ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва як қисми таълимгирандагони ятиму маъюби Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринаву шаҳри Душанбе  истироҳат намуда истодаанд,  хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Директори мавсимии истироҳатгоҳи «Ширкент» Ҷалол Холов иброз дошт, ки «истироҳатгоҳ дар як баст то 450 нафар кӯдакро ба истироҳат фаро гирифта метавонад. Аз ин рӯ,  дар ҳамкорӣ бо иттифоқҳои касабаи сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ имсол дар чор баст зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон дар ин истироҳатгоҳи хушбоду ҳаво истироҳат менамоянд».

Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хизматрасонии сайёҳӣ»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» Шамшод Фозилзода гуфт, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати кӯдакону наврасон имсол дар истироҳатгоҳи «Ширкент» тамоми шароити заруриро муҳайё намудем.

«Қабл аз ҳама, корҳои таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба анҷом расонида шуда, ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ мебошанд. Ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва наврасон яке аз масъалаҳои асосии сиёсати иҷтимоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Дар се басти истироҳатгоҳ зиёда аз 500 нафар кӯдакони ятими кул, нимятим ва хонандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта мешаванд»,-афзуд номбурда.

Истироҳатгоҳ «Ширкент» бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин буда, чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзӣ ҳамарӯза дар сатҳи баланд ташкил карда мешаванд. Ин ҷо ҳолати санитарию гигиенӣ пайваста зери назорати мутахассисон қарор дорад. Наврасон баробари фароғату истироҳат дар ин ҷо бо табиати бою рангини Тоҷикистон шинос шуда, дар сайру гашт ва экскурсияҳо иштирок мекунанд. Дар истироҳатгоҳ хондани суруд, рақсидан, хондани китобҳои бадеӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи машғулиятҳое мебошад, ки барои кӯдакон писанд аст. Ҳамчунин дар истироҳатггоҳ нуқтаи тиббӣ мавҷуд аст, ки дар он табиб  ба кӯдакону наврасон ба таври шабонарӯзӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

Мурабияи  истироҳатгоҳи «Ширкент» Аниса Ҳотамова гуфт, ки айни замон дар гурӯҳи ман 19 нафар кӯдакони ятими Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе ба истироҳати тобистона фаро гирифта шудаанд. Дар истироҳатгоҳи  «Ширкент» беҳтарин шароит мавҷуд аст, ки аз ин имконияҳо кӯдакон истифода намуда, истироҳати бофароғат доранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 30, 2025 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд