Дар Китобхонаи миллӣ китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар рӯнамоӣ гардид

Июнь 18, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он  китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар рӯнамоӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш  иброз гардид, ки фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ  Ашӯр Сафар аз солҳои 50-уми асри гузашта ибтидо гирифта, пайваста рушду такомул ёфтааст.

Шеърҳои  Ашӯр Сафар  бо соддабаёнӣ, равонӣ, мазмуну муҳтавои баланд,  тасвирҳои зебо, тозабаёнӣ, банду баст ба дубайтию рубоӣ ва дигар жанрҳои адабӣ фарқ мекунад. Шоир ҳамвора кӯшидааст, ки шеърҳояшро бо забони сода ва возеҳу равшан баён кунад. Ӯ  дар эҷодиёташ аз вожаҳо ва ибораҳои корбурди байни мардум  ба таври васеъ  истифода бурдааст. Ҳамин аст, ки шеъри ӯ ба дилҳо роҳ ёфта, ба таронаҳои дилангез табдил ёфтаанд ва  имрӯз ҳам аз ҷониби овозхонҳои машҳури тоҷик  иҷро мегарданд.

«Аз Ашӯр Сафар ба мо осори баланди пур аз панду насиҳат боқӣ мондааст, ки хонандагон метавонанд доир ба осори баъдеии ин шоири тоҷик маълумоти муфассал аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоянд»,-баён шуд дар ҳамоиш.

Шоир соли 1967 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  пазируфта шуда, бо эҷод ва нашри китобҳои зиёде, ба мисли «Илҳом», «Хандаи гулҳо», «Фарзанди аср», «Самари умр», «Гули маҳтоб», «Базми садоқат», «Гапи подор», «Арзи меҳр» ва «Гулбоғ» байни дӯстдорони шеъри ноб машҳур гардид.

Намунаи ашъори Ашӯр Сафар ба забонҳои русӣ, узбекӣ, арманӣ, қирғизӣ, туркманӣ тарҷумаву нашр гардида, китобҳои алоҳидааш ба забони русӣ дар Москва  ва ба хатти форсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чоп шудаанд.

Рӯнамоии чунин дастурҳо ва китобномаҳои шарҳиҳолӣ барои муҳақиқони ҷавон ва донишҷӯён бисёр муфид буда, метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд.

Дар Китобхона миллӣ аз оғози  фаъолият то ба имрӯз диққати асосӣ ба библиографияи тоҷик, махсусан дар омода ва таҳия намудани дастурҳои библиографӣ, хизматрасонии библиографӣ дода мешавад. Ин муассиса ҳамчун маркази библиографӣ барои тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ дастурҳои методию тавсиявӣ, дастурамалҳо таҳия менамояд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 18, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд