Дар Корея аз иқдомҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо биёбоншавӣ ва хушкӣ ёдовар шуданд
ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар чорабинӣ бахшида ба биёбоншавӣ ва хушкӣ, ки аз ҷониби Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея ташкил карда шуд, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, Салоҳиддин Киром оид ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо биёбоншавӣ ва хушкӣ, инчунин ҳамкории Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи барқарорсозии ҷангал, ки дар минтақаҳои гуногуни кишварамон амалӣ мегардад, ибрози андеша кард.
Дар чорабинӣ вакилони Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея, Роҳбари Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея Лим Санг Сеоп, сафирони муқими кишвари иқомат, мутахассисони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






