Дар лагери дараи Камароби ноҳияи Рашт 450 хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар дараи Камароби ноҳияи Рашт лагери истироҳатӣ барои мактаббачагон ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин лагер 150 хонанда дар се давр ба истироҳат фаро гирифта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд.
Дар истироҳатгоҳ утоқҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ба талаботи имрӯз мутобиқ гардонида шуда, барои босамар гузаштани вақти хонандагон баргузории ҳар гуна бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бофароғат гузаштани таътили тобистонаи хонандагон тадбирҳои муассир андешида, дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои ҷумҳурӣ бо тамоми шароити муосир барои мактаббачагон истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишӣ-солимгардонӣ ва наздимактабӣ ташкил гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар Тоҷикистон қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳ (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ) омода гардида, беш аз 250 ҳазор нафар кӯдакон ва наврасон ба фароғат фаро гирифта мешаванд. Имсол мавсими истироҳати кӯдакону наврасон дар 4 баст 12- рӯзиро дар бар мегирад. Ба ҳар баст аз 150 то 400 нафар қабул карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






