Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид

Июнь 26, 2025 16:35

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ  баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки  «Ҷашни Ваҳдати миллӣ воқеан дастоварди беназири миллати тоҷик аст, ки маҳз ба шарофати талошҳои пайгиронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон муяссар гардидааст.

“Дар он даврони мудҳиши ҷанги таҳмилӣ маҳз Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат тавонистанд ба ҳайси Пешвои воқеӣ бо роҳнамоӣ ва ташаббусҳои дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурбинона роҳандозишуда миллати тоҷикро сарҷамъ созанд ва онро аз вартаи нестӣ раҳо созанд», — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ  иброз дошт, ки падидаи ваҳдати миллӣ на танҳо яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, балки таҷассумгари иродаи устувори миллати тоҷик дар роҳи таъмини субот, сулҳ ва якпорчагии мамлакат маҳсуб мешавад.

«Таърихи муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки расидан ба ваҳдати миллӣ роҳи осон набуд, балки натиҷаи муборизаи сарбаландона, заҳматҳои пайваста ва тадбирҳои дурандешонаи Роҳбари хирадманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд», — баён дошт Мавсума Муинӣ.

Иброз гардид, ки ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо рукни асосии эҳёи давлат ва пойдории ҷомеа, балки як арзиши волои маънавӣ ва сиёсӣ гардид, ки тавассути он фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳанпарастӣ ва истиқлолгароии ҷомеа таҳким ёфт. Имрӯз бо сари баланд гуфта метавонем, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст, ки он ба заҳмату фаъолияти содиқонаву фарзандонаи Пешвои хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвасти ногусастанӣ дорад.

Дар охир таъкид гардид, ки ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ таъмин аст, ҳеҷ гоҳ ҳуқуқ ва озодии инсон поймол нахоҳад гардид. Сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти инсон аст ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани онҳо вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2025 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд