Дар Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» «Эко-пойга барои пиряхҳо» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/ – Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хатсайри сайёҳии Душанбе – Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» ташкил гардид. Сайри сайёҳӣ бо ду автобус аз назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз ёфта, меҳмонон аз манзараҳои зебои Душанбе ва кӯҳсори ноҳияи Варзоб ҳаловат бурданд.
Пас аз тай намудани 50 километр роҳ, меҳмонон ба Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» — яке аз ҷойҳои маъруфу зебои кӯҳистони Тоҷикистон расиданд.
Дар ин маҷмаа иштирокдорони Конфронс дар чорабинии варзишии «Эко-пойга барои пиряхҳо» («Eco-Run For Glacier»), ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дав ва марафонҳои Тоҷикистон ташкил гардид, иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки баргузории чунин рӯйдодҳо барои ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстии халқҳо ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хос дорад.
Ҳадафи асосии дав — ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои обшавии пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим мебошад.
Дар дав меҳмони махсус, варзишгар аз Амрико, фаъоли машҳури масъалаҳои иқлим ва лижарони касбии сатҳи ҷаҳонӣ Каролин Глейш иштирок намуд.
Мусобиқа дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр, дар манзараҳои зебои кӯҳии «Сафеддара» доир гардида, меҳмононро бо табиати тоза ва ҳавои форамаш мафтун кард.
«Эко-пойга барои пиряхҳо» дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе доир гардид, баргузор карда шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд






